Санаи 10 марти соли 2026 бо роҳбарии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, дар толорҳои маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо судяҳои Суди ВМКБ , раис ва
Хабарҳо
Санаи 09 марти 2026 сол дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардида буд. Дар ҷаласаи мазкур аз суди ноҳияи Ишкошим,
Санаи 06 феврали 2026 сол дар хонаи Фарҳангӣ ноҳияи Ишкошим маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рузӣ “Модар” бо барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раис, судя ва кормандони суди ноҳияи Ишкошим иштирок намуданд. Инчунин Раиси суди ноҳияи Ишкошим Искандархонзода Б.А. бо ифтихорномаи Раиси ноҳияи Ишкошим, мӯҳтарам Иматшозода Анвар Иматшо қадрдони карда шуд.
Санаи 03 феврали 2026 дар бинои Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Ишкошим маҷлиси ошкорои сайёри судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷинояти худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохмони худсарона дар он баргузор гардид. Парвандаи ҷиноятии мазкур таҳти раисии Раиси суди ноҳияи Ишкошим Искандархонзода Б.А. баррасӣ гардида, санади судии дахлдор қабул карда шудааст.
Санаи 02 феврали 2026 сол дар бинои Ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, мурофиаҳои ошкорои сайёри судӣ вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Ишкошим баррасӣ карда шуда, санадҳои дахлдори судӣ қабул гардиданд.
Санаи 26.02.2026 сол раиси суди ноҳияи Ишкошим Искандархонзода Б.А., бо сокинони Ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим оид ба шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани
Санаи 30 январи 2026 сол дар хонаи фарҳанги маркази ноҳияи Ишкошим бахшида ба таҷлили ҷашни Сада маҷлиси тантанавӣ, намоиши дастовардҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи махсуси фарҳангӣ баргузор гардида, дар он судяи суд ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Ишкошим иштирок намуданд.
Санаи 06 январи 2025 сол дар бинои суди ВМКБ бо иштироки ҳамаи судҳо фаъолияти кории онҳо дар давраи 2025 сол ба анҷом расида, ҷамъбаст гардид.
Санаи 26 декабри соли 2025 дар бинои МИҲД-и ноҳияи Ишкошим маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рузи кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардида, дар он Раиси суд, судя ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Ишкошим иштирок намуданд.
Тамошои дастаҷамонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони суди ноҳияи Ишкошим, ки санаи 16 декабри 2025 сол баргузор гардид.
Суди ноҳияи Ишкошим 