Гузаронидани мурофиаи сайёри судӣ

Санаи 03 июни 2026 сол дар бинои Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим мурофиаҳои сайёри судӣ аз ҷониби Раиси суд Искандархонзода Б.А., ва судяи суди ноҳияи Ишкошим Муқаиршо А.А., баргузор гардид.

Мурофиаҳо вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 498 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне риоя накардани низоми сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифта, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  ва инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои нав  дар самти низоми сарҳадӣ мебошад.

Инчунин баъди анҷом расидани мурофиаҳои судӣ бо сокинони ҷамоати мазкур  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ  ва дигар қонунҳои амалкунанда сӯҳбатҳо ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.