Мурофиаи сайёри судӣ

Аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Ишкошим Искандархонзода Б.А., дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Р. Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим Санаи 04 июни 2026 сол мурофиаи кушоди сайёри судӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди ба охир расидани мурофиаи судӣ бо сокинони ҷамоати мазкур  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ  ва дигар қонунҳои амалкунанда сӯҳбатҳо гузаронидашуда ба саволҳои сокинони ноҳия ҷавобҳои мушахас дода шуд.