Семинари ҳармоҳаи судяҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ
Санаи 29 майи соли 2026 дар бинои суди ВМКБ семинари ҳармоҳаи судяҳои шаҳру ноҳияҳои он баргузор гардид. Дар семинари мазкур дар баробари дигар судяҳо, судяи суди ноҳияи Ишкошим Муқаиршо А.А., дар мавзӯъи баррасии парвандаҳо дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маъруза карданд. Дар охир аз ҷониби судяи суди ВМКБ Назри Муҳамадвали вобаста ба баромадҳои судяҳо хулоса дода шуд.

Суди ноҳияи Ишкошим 