Баргузор намудани суҳбату вохуриҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 15 апрели 2026 сол дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дар солҳои 2026-2030 бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зонг сӯҳбату вохурӣ гузаронида шуд.
Дар вохурии мазкур, ба шаҳрвандон доир ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқуии аҳолӣ дар самти пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, суханрониҳо вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади бунёди оилаи солим, одоби оиладорӣ ва устувории оила, инчунин одоби муошират нисбат ба падару модар ва аъзои дигари оила, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тақвият бахшидан ба усулҳои ҳалли баҳсҳои ғайрисудӣ, сӯҳбатҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани пошхӯрии оилаҳо аз ҷониби Раиси суд ва судяи суди ноҳияи Ишкошим баррасӣ карда шуда ва инчунини дигар ба аҳолӣ машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Суди ноҳияи Ишкошим 