Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд. Дар таърихи халқи тоҷик истиқлоли давлатӣаз ҷумлаи муҳимтарин дастовард ба ҳисоб рафта барои эҳёи давлатдории навин ва суннатҳои аҷдодӣ заминаҳои амиқ гузошт. Боиси хурсандист, ки соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисҷтон дар асоси арзишҳои ҳуқуқи башар аз қабили арзиши олӣэълон гардидани инсон ҳуқуқҳои ӯ дахлнопазирии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд қабул шуд. Маҳз бо дарназардошти дарки масъалаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори судҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ниҳодҳои салоҳиятдори махсусгардонидашуда инчунин зерсохторҳои вобаста ба ҳимоячи ҳуқуқи кӯдакон дар таркиби мақомоти давлатӣтаъсиси ёфтаву фаъолият менамоянд , ки ҳадафи асосии онҳо аз ҳифзи солимӣва тарбияи кӯдакон иборат мебошанд. бо сифати ин ниҳодҳо метавон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо зерсохторҳои дигарро ном бурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими байналмиллалӣвобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бо ду протоколи иловагӣба тасвиб расонидааст. Мувофиқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак зери ҳимоя ва цамхори махсуси давлатанд. Ташакули ҳар як кӯдак пеш аз ҳама дар оила сурат мегирад, зеро кӯдак тарбияи асосӣибтидоиро аз падару модар мегирад. Тарбия дар оила асоси инкишофи шахсияти кӯдак ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак барои тарбия, таълим ва инкишофи ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баробар доранд. Оила замина ва зербиноест, ки дар он низом ва тартиботи ҷомеа поя мегирад. Маданияти ҳар қавм аз таълиму тарбияи халқи он вобастагӣдорад, яъне инсон дар раванди таълиму тарбия соҳиби маданият мешавад. Ҷавҳари асосии истиқлоли маънавӣтаълиму тарбия мебошад, зеро таълиму тарбия маҳаки асосии пойдории миллат ва бақои давлату давлатдорӣба ҳисоб меравад. Инсон дар натиҷаи таълиму тарбия ба олитарин камолоти худшиносӣмерасад. Дар Паёми имсола низ Президенти кишвар ба ин масъала такроран руҷуъ намуда, андешаи арзишмандро изҳор карданд. «Дар баробари ин бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангори кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣхоҳанд монд».
Инсон ҳамон вақт мақому манзалати хешро шарафмандона дар ҷомеа ҳифз карда метавонад, ки агар дар овони кӯдакӣтарбияи неку ҳасанаро дошта бошад. Нахустин мактаби зиндагии инсон ин домони модар ва оилаи солим аст. Беҳтарин сиёсатмадори дунё ин ҳам бошад модар аст, чун ба инсон, пеш аз ҳама, забон меомӯзад ва забон нахустунсури муайянкунандаи миллати тоҷик аст. Зиннаи аввали тарбиятро инсон дар оила ва хонавода мегирад. Аз ин рӯ падару модарро зарур аст, ки дар овони кӯдакию наврасӣба фарзандон маънию мантиқи асосӣва аслии мафҳумҳои Ватан, Ваҳдат Истиқлол ва дигар муқаддасотро фаҳмонад. Меъёри тарбият мактаб, падару модар ва ҷомеа аст. Аз эҳсостарин ва муҳимтарин даврони таълиму тарбия, даврони кӯдаки ба ҳисоб меравад. Агар пояҳои аввалини даврони кӯдакӣаз тарафи мактаб, падару модар ва ҷомеа дуруст бино шавад ва дар раванди таълиму тарбия дар рушди зеҳнияти ҳамон кӯдак ягон монеа эҷод нагардад, чунин кӯдак дар бузургсолӣунсури муфид ва боарзиш барои ҷомеа хоҳад шуд. Дар рушди таълиму тарбия эъҷоди робитаи отифӣбайни падару модар, мактаб ва ҷомеа, аз ҷумлаи масоили муҳимме аст.
Кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз цахорӣва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ӯ мебошанд, баҳраманд шавад. Кӯдак ҳуқуқ дорад бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳамроҳӣ зиндагонӣкунад. Кӯдакро аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардан манъ аст. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ барои аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардани ӯ қарор қабул карда мешавад. Кӯдак дар оила аз ҳуқуқои муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кудак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад. Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, моддаи 1 сархати 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои дар таълиму тарбияи кӯдак» зери мафҳуми кӯдак яъне кӯдак — шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст.
Кӯдак аз лаҳзаи таваллуд шуданаш ба насаб, ном ва номи падар, миллат, шаҳрванд , озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор , ҳаёти шахсӣ ва ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад. Ҳар як кӯдак ба зиндагӣва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ манъ аст. Ҳамаи кӯдакон, новобаста ба баромади иҷтимоӣ, мансубияти миллӣва мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, ҷойи зист, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳои ба кӯдак ва падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ дахлдошта, ҳуқуқои баробар доранд. Ҳар як кӯдак ба озодии сухан ва изҳори ақидаи худ, озодии виҷдон ва инкишофи фаъолнокии ҷамъиятӣ, ба гирифтан ва интишор кардани иттиллооти ба синни ӯ мувофиқ, иштироки ихтиёрӣдар ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад. Давлат ба кӯдак ёрии тиббии ройгонро кафолат медиҳад. Ҳама гуна озмоишҳои тиббӣва илмӣнисбат ба кӯдак манъ аст.
Аз ин рӯ, дар ҳамовозӣбо Паёми Пешвои миллат барои ҳаряки мо зарур аст, ки насли имрӯзро пеш аз ҳама дар руҳияи миллӣтарбия кунем. Насли имрӯз бояд, пеш аз ҳама аз тоҷик будани хеш ифтихор кунад ва ба рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдории мо содиқона эҳтиром гузорад. Бо чунин дараҷаи фаҳмиш дар дили фарзанд аз кӯдакӣмеҳру муҳаббати зиёд ба ватану ватандорӣбедор мегардад ва ӯ ҳеҷ вақт ба халқу Ватан ва миллат хиёнат намекунад. Дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунбол кунем. Руҳи ваҳдати аслиро тавассути омӯзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем. Дар ҳамовозӣба Паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат рисолати худро ҷойгиртару муаасиртар анҷом дода, Тоҷикистони азизи хешро аз ин беш ба авҷи пешрафту ифтихор бирасонем. Ба ормонҳои баланди милливу меҳанӣсодиқ бошем, миллатро ба неруи қудрати ақлони мусаллаҳ намоем ва ҳамеша онро рӯҳан қувват бахшем.
Раиси суди
ноҳияи Ишкошим
Искандархонзода Б.А.
Суди ноҳияи Ишкошим 