Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок

Коррупсия яке аз хатарноктарин зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад, ки рушди давлат ва ҷомеаро ба таври ҷиддӣ бозмедорад. Он ба адолати иҷтимоӣ зарба зада, эътимоди мардумро нисбат ба ҳукумат коҳиш медиҳад ва ба ҷараёни иқтисодӣ халал мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар як давлат вазифадор аст, ки барои пешгирӣ, коҳиш ва аз байн бурдани ин вабои иҷтимоӣ стратегияи мукаммалу самарабахши зиддикоррупсиониро амалӣ намояд. Стратегияи муқовимат бо коррупсия маҷмӯи сиёсати давлатӣ, қонунгузорӣ, механизмҳои назоратӣ ва барномаҳои тарбиявӣ мебошад, ки дар якҷоягӣ қобили таъмини ҳокимияти қонун ва рушди шаффоф мебошанд.
Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”. Аз нигоҳи луѓавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад.
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи номатлуб, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти номатлуб пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад.
Коррупсия адолатро вайрон мекунад, инчунин нобаробариро зиёд мекунад ва эътимоди мардумро нисбат ба давлат коҳиш медиҳад.
Мо, бояд дар оила ба кӯдакони худ аз хурдӣ дар ниҳоди онҳо ростқавлӣ, эҳтиром ба қонун ва масъулиятшиносиро омӯзем, зеро дар оянда ба амалҳои нодуруст роҳ надиҳанд.
Тавре ки ба мо маълум аст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Бояд ҳар як шаҳрванд низоми рақамикунониро хуб омӯзад. Тарзи ғайринақдӣ, яъне хизматрасониҳои электрониро донад. Бояд аз додан ва ё гирифтани порра худдорӣ намояд. Тамаъҷӯ набошад. Қонунпараст ва ҳамдигарфаҳм бошад. Зеро як амали нодуруст метавонад ба ҷомеа зарари калон расонад. Ин амали номатлуб ба амнияти кишвар низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба пояҳои давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ мерасонад.
Бояд зикр намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад.
Дар воқеъ, тибқи пешгӯйиҳои ин ниҳод, имрӯзҳо дар ҷаҳон, коррупсия ин як падидаи нангину номатлуб, яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ва доғи сиёҳи бештари кишварҳо гардида, он садди роҳи рушду инкишоф шудааст.
Барои мубориза зидди ин амали нангин, аз тарафи ҳукумати ин кишварҳо, як қатор қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои махсус қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвариву роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои решакан намудани коррупсия чораву тадбирҳои муассир андешида истодаанд.
Дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, бояд таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд.
Барои мубориза бо коррупсия муносибати ҳамаҷониба зарур аст. Баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои назорат ва ҳисоботдиҳӣ ва таъмини мустақилияти низоми судӣ муҳим аст. Маориф ва маърифати аҳолӣ дар ташаккули таҳаммулнопазирӣ ба зуҳуроти коррупсионӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамкории байналмилалӣ инчунин ба табодули таҷриба ва амалҳои муштарак алайҳи коррупсия мусоидат мекунад.
Хулоса, ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардида буданд, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд. Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зурурӣ ба роҳ монда шавад.
Судяи суди ноҳияи Ишкошим
Муқаиршо Атригул Амонулло
Суди ноҳияи Ишкошим 