Семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

Санаи 10 марти соли 2026 бо роҳбарии  Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, дар толорҳои маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо судяҳои Суди ВМКБ , раис ва судяҳои судҳои ноҳияҳои  он, прокурорҳои ВМКБ шаҳру ноҳияҳои он, кормандони сохторҳои тафтишотӣ ва оперативии раёсатҳои мақомоти прокуратура,  агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, агентии назорати маводи нашъаовар ва хадамоти гумрук дар ВМКБ баргузор гардид. Дар семинари мазкур аз ҷониби суди ноҳияи Ишкошим, судя Муқаиршо А.А. иштирок намуданд.