Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон

Санаи 09 марти 2026 сол дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардида буд. Дар ҷаласаи мазкур аз суди ноҳияи Ишкошим, судяи суди он Муқаиршо А.А., иштирок намуданд.