Баргузор гардидани маҷлиси ошкорои сайёри судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷинояти худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохмони худсарона дар он

Санаи 03 феврали 2026 дар бинои Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Ишкошим маҷлиси ошкорои сайёри судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷинояти худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохмони худсарона дар он баргузор гардид. Парвандаи ҷиноятии мазкур таҳти раисии Раиси суди ноҳияи Ишкошим Искандархонзода Б.А. баррасӣ гардида, санади судии дахлдор қабул карда шудааст.