Ҳамеша парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!!

Ҳамеша парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!!
Шоиста аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлату давлатдории миллӣ мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди мамлакат қарор гирифтааст. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ Эмомали Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи рӯзҳои ид” тайғирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24-уми ноябр рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол даркишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Бешубҳа парчам, нишон ва суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд.
Воқеъан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ аз ҷумла дар гузаронидани маракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва гузашта аз ин дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад.
Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сафеду сабз, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд. Таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳ субот, саъю кушиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора бошад соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат ифода мегардад. Аз ин ҷост, ки парчами давлати басифати рамзи музаффарият ва ифтихор аз дирӯзу имрӯзи миллат мебошад.
Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва баоламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дардили осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.
Аваллин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дардаврони Сосониён шакли он тағирёфта, дар қисми болои он таҷассуми парандаи заррин–мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қимматтарин сангҳо насб мегардиданд.
Дирафши он замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будаат ва бахотири ҳивзи о фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳокардаанд. Парчамро аз замонҳои қадим парчамдорон дар ҷангу муҳорибаҳо пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҷаласаи навбатии Иҷлосияи 16-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Яке аз масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосиябарраси гардид“ Дарбораи Парчамидавлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд. Дар иҷлосияи мазкур санадҳои муҳимтарин“ Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима ва қабул шуд. Вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой бархоста қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“ Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”ро ҳамчун рамзи истиқлолу соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кавкубии пурмавҷу бардавом пазируфтанд. Аз ин рӯ ба муносибати қабули рамзҳои навид ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“ Дар бораи даровардани тағирот ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 169 ва 170-ӯми конститутсия тағирот ворид намуд. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон тамоми халқи Тоҷикистон ва вакилони шурои олиро бо қабули Парчам ва Нишони нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба аъзои ҳукумат муаллифон ва ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи рамзи нави давлатӣ саҳм гирифта буданд изҳори ташаккур кард.
Парчами миллӣи мрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебо манзарамон ҳаммароми“ Дирафши Ковиён” –и аҷдоди ориётаборамон ботобиши серанг ранги сурх-озодиву истиқлол , ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранг исабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалинис оҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуни фарҳанги бостонии тоҷикон пайкори созандагиву асолати милли давлат давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳраҳмониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмарифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти кишвари мо бисёр дигаргуниҳои бунёди ба амаломаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардумшаро фароҳам оварда шуд.
Равобити дӯстиву ҳамкорӣ аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ в аиқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилали гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳодар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Парчами давлатӣ барфарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Оли, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷрояи вилоятҳо в ашаҳру ноҳияҳо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.
Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳия иифтихори милли ва ҳивзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Дар давоми чанд соли охир дар ҳудуди майдонҳои ҳамшафоати гулгашти сарсабзи Парчами миллӣ як қатор иншооти бузурги фарҳангиву сиёсӣ қомат афрохта, кишвари азизамонро ободиву зебои бахшидааст.
Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ нишонии стиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифи мегардад.
Дар остонаи таҷлили ин Иди муқаддас бо истифода аз фурсати муносиб рӯзи Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, рӯзи поки гузаштагони номдори мо, хотираи неки мардоне, ки барои оромии сарзамини аьдодӣ ва тантанаи ваҳдати сартосарӣ ҷон фидо кардаанд, дуои хайри пирони рӯзгордидаи мамлакат мададгору раҳнамои ҳамаи шаҳрвандони Ватани азизамон ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзӯ менамоям.
Поянда ва ҷовидон бод парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди миллати кӯҳанбунёд, сулҳдӯст ва фарҳангпарвари тоҷик!!!
Раиси суди ноҳияи Ишкошим
Искандархонзода Б.А.
Суди ноҳияи Ишкошим 