ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ПОЙДЕВОРИ ОЗОДИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОР
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ПОЙДЕВОРИ ОЗОДИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОР
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар замони муосир пояи устувори давлатдории миллӣ ва кафили озодиву тараққиёти устувор ба ҳисоб меравад. Санаи 9 сентябри соли 1991 миллати тоҷик пас аз асрҳо талошҳои худшиносӣ ва муборизаҳои сиёсиву иҷтимоӣ тавонист соҳиби давлатдории мустақил гардад ва сарнавишти ояндаи худро бидуни вобастагӣ аз дигарон муайян намояд. Ин рӯйдоди тақдирсоз дар шароите ба амал омад, ки кишвар аз паёмадҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мушкилоти шадиди сиёсиву иқтисодӣ ранҷ мекашид. Солҳои аввали Истиқлолият мардуми тоҷик бо озмоиши сангини ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки оқибатҳои харобиовари он ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири амиқ гузоштанд. Бо вуҷуди ин, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иродаи қавӣ ва ҳамбастагии мардум, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки заминаи поён додан ба низои мусаллаҳона ва оғози давраи нави сулҳсозӣ ва давлатсозиро фароҳам овард.
Халқи тоҷик, ки дар тӯли қарнҳо шоҳиди ҳуҷуми бегонагон ва парокандагии сиёсию фарҳангӣ буданд, аз ин рӯйдоди тақдирсоз руҳу ҷон гирифтанд. Рӯзи Истиқлолият барои миллат рамзи эҳё, эътимод ба оянда ва иттиҳоди миллат гардид. Роҳи ба даст даровардани Истиқлолият роҳи осон набуд. Сарфи назар аз эълони давлати мустақил, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо озмоишҳои сангини таърихӣ пеш омад. Ҷанги бародаркушӣ, ноустувории сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ ва таҳдид ба пояҳои давлатдорӣ. Ҳатто ояндаи миллӣ, якпорчагии сарзамин ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат дар маърази хатар қарор гирифт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос, иродаи қавии мардум ва раҳбарии дурандешона омили асосии наҷоти давлат ва эҳёи сулҳу субот гардид.
Аз солҳои баъдӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳкими пояҳои конститутсионӣ ва қонуният, тавсеаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузорӣ ва таъмини ҳокимияти қонун ба роҳи устувори рушди сиёсӣ қадам гузошт. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, то имрӯз ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва кафили истиқлолият, ягонагии марзу бум, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хидмат мекунад, самти пешрафти давлатро муайян намуда, пояи қонунии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ гардид.
Бо бадаст овардани соҳибистиқлолии малакат, Тоҷикистон роҳи ободонӣ ва пешрафтро бо қадамҳои устувор оғоз намуд. Ин дастовардҳо кафили зиндагии осоишта, сулҳу субот ва тараққиёти ҷомеа гаштаанд. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардуми сарбаланди мо, кишвари азизамон тавонист ба қуллаҳои баланди рушд ва шукуфоӣ ноил гардад.
Истиқлолият на танҳо омолу орзуи деринаи халқи мо буд, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани азизамон мебошад.
Истиқлолият дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳилаи нав дар назди халқи Тоҷикистон ичрои вазифаи бисер пурмасъулро, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардум ва эҷоди аркони давлатдории муосирро би миён гузошт.
Таҷрибаи сиёсӣ нишонд медиҳад, ки маҳз истиқлол ва ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои бо мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардондани онҳо ҳидоят менамояд.
Маҳз роҳбарии хирадманд ва давлатсози Сарвари давлат, ки Тоҷикистон дар муддати начандон калони соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои беназир дар сиёсати дохилию хориҷӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ноил гардидааст. Бо шарофати истиқлолият имрӯз мо дар фазои ободу зебо умр ба сар бурда ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааем. Чӣ тавре, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкин менамоянд, агар истиқлолияти мо ҷавоб бошад, ҳам умри миллат ва таърихи давлатдории аҷдодии мо ҳазорсола мебошад.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳнамои хирадманд ва пешбари оқил, бо муҳаббат ва масъулияти беандоза нисбати Ватан ва сиёсати дурусту созанда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор муаррифӣ намуд. Ҳар иқдоми ӯ намунаи барҷастаи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пойдории амният ва рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол бо ифтихори миллӣ ва эҳтироми баланд дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф ёфтааст, мо бояд ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятро нисбати Ватанамон боз ҳам афзун намоем. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун сутуни аслии тараққиёт ва кафили пойдории марзу буми кишвар бояд ҳамеша мустаҳкам нигоҳ дошта шаванд. Ҳифзи сулҳу Ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад.
Танҳо бо шарофати соҳибистиқлолии давлат Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ифтимоӣ, фаҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монад.
Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносанд ва мақоми хосаеро дар арсаи ҷаҳон доро мебошад.
Дар давраи истиқлолият сиёсати хориҷии кишвар дар асоси принсипҳои эҳтироми истиқлолияти давлатӣ, дахлнопазирии сарҳадҳо, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шудааст ва сиёсати «дарҳои кушода» барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ татбиқ мегардад.
Дар соҳаи иқтисод, Тоҷикистон аз марҳилаи вазнини буҳрони солҳои 90-ум гузашта, ба давраи барқарорсозӣ ва рушди устувор ворид шуд. Бо татбиқи барномаҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд то соли 2030, кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бунёди неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, оғози марҳилаи аввали НБО «Роғун», пайвастшавӣ ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, сохтмони садҳо километр роҳҳои автомобилгард, нақбҳои муҳими стратегӣ чун «Истиқлол», «Шаҳристон», «Ваҳдат» ва «Хатлон», сохтмони пулҳои байналмилалӣ ва роҳҳои нави транзитӣ на танҳо робитаҳои дохилиро беҳтар карданд, балки Тоҷикистонро ба маркази муҳими нақлиётӣ дар минтақа табдил доданд. Иқтисоди кишвар дар тӯли солҳои истиқлолият чандин маротиба афзоиш ёфт, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2000 беш аз ҳашт маротиба зиёд шуд, бахши кишоварзӣ рушд кард ва барномаҳои таъминоти озуқаворӣ муваффақона амалӣ гардиданд.
Дар ҷабҳаи иҷтимоӣ, сохтмони садҳо мактаб, боғча ва муассисаҳои таълимӣ, ифтитоҳи муассисаҳои олии таълимии нав, таҷҳизонидани беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ бо технологияҳои муосир, татбиқи барномаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии оила ва ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардиданд. Натиҷаи ин талошҳо коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз зиёда аз 80 фоиз дар солҳои 90-ум то камтар аз 25 фоиз дар соли 2024 мебошад.
Истиқлолият барои эҳё ва рушду тавсеаи фарҳанг ва маънавиёти миллӣ низ заминаи фарох фароҳам овард. Барқарории ҷашнҳои миллӣ ва суннатҳои қадима чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ворид гардидани унсурҳои фарҳанги миллӣ ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, таҷлили ҷашнҳои байналмилалӣ чун 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳулбук, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 1310-солагии Имом Аъзам намунаҳои равшани эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ мебошанд. Сохтмони Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва Театри миллӣ шаҳодати равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихӣ аст.
Дар солҳои охир, аз ҷумла давраи 2016–2025, дастовардҳои Тоҷикистон боз ҳам назаррас гардиданд. Ифтитоҳи марҳилаи аввали НБО «Роғун» дар соли 2018 ҳамчун лоиҳаи аср, роҳандозии барномаҳои рақамикунонӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди соҳаи саноат ва таъсиси садҳо корхонаҳои коркарди ашёи хом, баргузории конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Душанбе, эълони соли 2025 ҳамчун Соли рушди рақамӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ – ҳамаи ин нишони возеҳи сиёсати муваффақ ва дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар мебошанд.
Ҳар як фарди бедордили кишварамон вазифадор аст, ки суннатҳои неки ниёгонамонро гиромӣ дошта, ба арзишҳои миллиамон арҷгузорӣ намуда, дар ободонии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад. Барои насли ояндаи хеш бояд Тоҷикистони соҳибфарҳанг, пешрафта ва соҳибэҳтиромро бунёд намуда, ҳамеша бо шарафмандӣ бояд бо ифтихори амиқ ва садоқати беандозаи миллӣ ба Ватан, Истиқлолиятро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихӣ ва пояи устувори зиндагии обод, шукуфони давлати соҳибтамаддун эътироф намояд ва онро ҳамчун неъмати муқаддас ҳифз ва пос дорад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дорои пояҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мавқеи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки бо эҳтиром ба қонун, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, дар таҳкими Истиқлолият, ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Ватан саҳмгузор бошад. Бо камоли самимият Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ табрик гуфта, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Ватани маҳбубамонро орзуманем.
Муқаиршо Атригул Амонулло
Судяи суди ноҳияи Ишкошим