Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ

Санаи 23 октябри соли 2025 маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 101 солагии “Рузи кормандони мақомоти судӣ”дар маҷлисгоҳи бинои МИҲД-и  шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар ин чорабини муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, Раис ва судяҳои суди ВМКБ, Раис, судя ва кормандони суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, раисон, судяҳо ва кормандони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва собиқадорони ин соҳа иштирок намуданд. Муовини раиси вилоят иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти вилоят бо иди касбияшон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти корияшон барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Дар охир кормандон ва собиқадоронро барои фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзандаашон дар пешбурди кори судӣ бо ифтихорнома ва туфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ишкошим Мирзоазизов Далер Абдулазизович бо ифтихорномаи Раиси суди ВМКБ қадрдонӣ карда шуд.